Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ин ниҳодҳои давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.






Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 29-уми октябри соли 2019 Конференсияи XXIII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.
24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.













