Дар гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафурови маркази шаҳри Гулистон вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти қудратӣ бо хонандагон ва омӯзгорони ин таълимгоҳ ба вуқӯъ пайваст.
Дар мулоқот масоили мубрами рӯз пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба аҳзобу ҳаракатҳои ифтротгаро, зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, масъулияти волидайн ва фарзандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, интихоби касби дӯстдошта ва монанди ин матраҳ гардиданд.
Дар назди ҳозирин мудири бахши ҷавонон ва варзиш Саидахон Аҳмадзода, мудири бахши САҲШ Наргис Маҳмудзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кудаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, менеҷери муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Гулшан Мадаминова ва нозири калони гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳр, лейтенанти калони милитсия Фирдавс Нурматзода оид ба масоили зикршуда суханронӣ намуда, ба саволҳо посухҳои қаноатбахш доданд.






Дар толори Кохи варзишии”Истиқлол”-и шаҳри Гулистон мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол байни 8 дастаи мунтахаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 14 ва гимназияи маркази шаҳр, № 2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, №3-и ҷамоати шаҳраки Консой, дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, 7 ва 12-и ҷамоати шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни беҳтарин дарсҳои кушодро дар мавзӯи «Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷданӣ, инчунин рафтор намудани хонандагон дар ҳолатҳои фавқулода» ташкил ва гузаронид.
Дар майдончаи сунъии соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” чемпионати шаҳр оид ба футболи хурд дар давоми 10 рӯз мусобиқаи шаҳрӣ дар байни 11 дастаҳои корхонаву ташкилот ва идораву муассисаҳои шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа тимҳои яккачини МИҲД, ШВКД, ЭКГҚ, МТ Бонки миллӣ, МНДЭС, “Аветсина”, “Ситора”, прокуратура, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Чоруқдаррон, идораи обу корезӣ ширкат варзиданд.















