Матни равон

Халқи тоҷик аз қадимулайём бо ватандӯстони худ ифтихор дорад. Дар роҳи пур шебу фарози таърих халқи мо душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Аз ин ҷост, ки устод Лоиқ Шералӣ мефармояд:

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,

Заҳри таърих наҷоде начашидаст, ки мо.

Дар воқеъ саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик доғҳои бузурге дорад, ки онҳоро душманони ӯ нишона мондаанд. Аз забткориҳои Искандари Мақдунӣ, забткории арабҳо, забткории муғулон, забткории чингизиён ва манғитиҳо аён мегардад, ки онҳо бар сари мардуми мо нобасомониҳои зиёде оварданд. Вале фарзандони шуҷои Ватан дар ҳар давру замон бар зидди ин душманони истилогару зулмпарвар муборизаи беамон бурдаанд. Аз он қабил ёдовар шуда метавонем шӯриши Муқаннаъ, шӯриши Сарбадорони самарқанд, корнамоиҳои Спитамен, Темурмалик, Шераки далер, Восеъ ва мисли инҳо. Ҳамчунин адабиёти мо саршор аз ғояҳои ватандӯстист, ки намунаи барҷастаи он «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсист ва ҷое дар он мегӯяд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дар замони имрӯз, ки кишвари азизи мо ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст баъзан нотавонбиноне ҳастанд, ки аз ин пешрафт хушашон намеояд. Аз ин рӯ онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд сади ин роҳ шаванд. Пас ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар роҳи ҳифзи Ватан устувор бошад. Арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро гиромӣ дорад, мероси гузаштагон ва осори онҳоро омӯзад ва дар роҳи амалигардии ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик кӯшиш намояд. Танҳо дар ҳолати ҳамфикр, ҳамқадам, ҳамсоз, ҳамдил, ҳаммаром будан метавон дар ин ҷода ба муваффақият даст ёфт. Дар ин росто омӯхтани илму дониш, фаҳмиши сиёсӣ, дарки мафҳуми озодӣ метавонад ба мо кумак намояд. Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ умр ба сар мебарем ва борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки мо бояд ба қадри ин озодагӣ ва осоиштагӣ бирасем. Барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар ҳифзи марзу бум, фарҳанг ва муқаддасоти Ватан саҳмгузор бошад.

Шералиева Салима,

омӯзгори МТМУ №5-и шаҳраки Адрасмон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:384
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2059
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4332
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13248
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7745638

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?