Матни равон

Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абўмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дўст медошт, меҳри ў нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! Ў чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт.

Дармуҳорибаҳо ба душман рў ба рў истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад.

Дар замони имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатари терроризм ва экстремизм ба даҳшат овардааст. Онгунае ки аз сомонаҳо ва воситаҳои иттилооти огаҳӣ пайдо менамоем ин гурӯҳҳои ифротгаро доимо аз худ нишонаҳое мегузоранд, ки бар қалби фарзанди одам хор мехалонад. Алъон бар зидди ин вабои аср кулли кишварҳо мубориза доранд ва кӯшиш менамоянд, ки ин хатар онҳоро фаро нагирад. Тоҷикистон низ аз зумраи он кишварҳоест, ки пайваста бар зидди ин гунна гурӯҳҳои ҷинояткор мубориза мебарад. Ин аст, ки борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои бонуфуз аз таҳдиди ин хатар ва пешгирии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф задаанд. Дар роҳи мубориза бо терроризм ҳамаи мо шаҳрвандони ин Ватан масъул ҳастем. Моро зарур меояд, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоем. Чун ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст. Аз ин лиҳоз моро лозим меояд, ки дурахшандагони ояндаамонро хуб ба воя расонем ва пайрави аҷдодони хеш гарданд. Дар тарбияи ҷавонон мактаб саҳми арзанда дорад. Маҳз мактаб метавонад рӯҳияву неруи онҳоро барои ҳифзи Ватан бедор ва қавӣ гардонад. Пас масъулони ин соҳаро мебояд, то вазифаи худро дар ин самт поквиҷдонона амалӣ намоянд.

Набиева Санавбар,

директори МТМУ №2-и шаҳраки Чоруқдарон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1651
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1889
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1651
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12456
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7744846

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?