Матни равон

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ барои ҳар як шахс буда, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки:

«Имрӯз - дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад».

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз вай мебошад.

Имрӯзҳо модарони сарбаланди шаҳрамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аллакай як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равияро мунтазам тақвият медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки алҳол иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Алҳол 50 фоизи аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 200 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд. Алҳол беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қуроқдӣзӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, ресандагӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 20 ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки зан чароғи хонадон, сарчашмаи ҳама эҳсосоти зиндагибахш ва машъали роҳнамои ҷомеа мебошад. Боварӣ дорам, ки занону модарон ва хоҳарони гиромии шаҳру шаҳракҳои Гулистон масъулияти азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат ҷомеаи моро бо ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахшу офаридагор саршор мегардонанд.

Тамоми модарону бонувони гулистониро ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон як ҷаҳон шодиву сурур, тансиҳативу рӯзгори хуш, комрониву саодатмандӣ ва комёбиҳои беназири фаъолияту зиндагӣ орзумандам.

Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1424
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10138
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3453
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735843

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?