Чанде қабл сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо сурат гирифта буд. Сарвари кишвар дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии Юнеско, ки дар шаҳри Париж доир ба мавзӯи тағйирёбии иқлим баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба ҳаллу фасли проблемаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ шоистаи зикру таҳсин аст. Маҳз ҳамин саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имижи сиёсии Тоҷикистон рӯз то рӯз боло меравад ва обрӯю эътибораш дар ҳоли афзоишу густариш аст. Аз ин мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор менамоем, ки бо чунин нишасту суханрониҳои созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ кишвари моро муаррифӣ менамоянд, ки аз ин ҷомеаи ҷаҳонӣ моро эътироф ва ба кишварамон эътимод мекунад. Дигар ин ки бо баргузории чунин нишаст ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷа дучанд гашта, иқтисодиёти Тоҷикистон боло меравад.






17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
13 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.













