Таҷлили Рӯзи Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии Истиқлол роҳпаймоии ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассиса, ҷамоати шаҳракҳо, идораву ташкилот ба ифтихори даҳсолагии ин ҷашни даврони Истиқлолият баргузор гардид. Намояндагони сершумори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, шаҳракҳо дар даст парчамҳои давлатӣ, инчунин парчамҳои рамзии тӯлонӣ, бо шиору овезаҳо, шиорпартоиҳои “Шараф ба Тоҷикистони соҳибистиқлол!”, “Шараф ба Пешвои муаззами миллат!” дар партави парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз чор ҳазор нафар роҳпаймоӣ намуданд.






КОНСОЙ. Дар толори ҷамоати шаҳрак бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
21 ноябр дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.
20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.















