Матни равон

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барнома дар соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27, 7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Терроризм ва экстремизм тӯли солҳои охир чун ҷараёни хатарнок ба кишварҳо ва ҳаёти ҳар як сокини ҷомеаи  ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад.

Моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин ишора барои он аст, ки аксар вақт зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надорад ва кишварҳои  ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад.

Тероризм ва ирфотгароӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои асосии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амал ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷироти меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардидан ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст.

Нравоучение – способ показаться умным или прикрытие собственных неудач. В последнее время нервно дергается глаз, когда я читаю и смотрю лживые материалы (фейки) по Интернету, ситуации с нравоучениями. Мухиддин Кабири в эти дни стал активным, проявляя «чуткость» и «внимание»  к таджикскому народу в фоне коронавирусной эпидемии.

Каждый день в социальных сетях и информационных сайтах от его имени издаются и публикуются один либо два совета и наставлений. Его «забота и внимание» всем нам известны, однако он без всяких стыда и смущения по этой или иной теме в качестве консультанта выступает с речью. По моему мнению, в это самое время Мухиддин Кабири также официально занимается такими обязательствами как: блогер, журналист самодельного смутного информационного сайта, лазутчик шиитских и европейских имущих, вожак террористическо-экстремистской организаций Исламского возрождения и антинационального Альянса. Для примера, М. Кабири как все блогеры, постоянно выступает по социальным сетям, разница в том, что М. Кабири лишь злословит по отношению к государству и Правительству. В нахзатовских сайтах только извещаются его закладки и статьи. Понятное дело, без всяких сомнений, он и является шпионом шиитских и западных подстрекателей.

МАКТУБИ КУШОДИ СОКИНОНИ ҚАСАМДАРА
БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем. Хушбахтона, аз тарафи сохторҳои давлатӣ тамоми чораҳо барои пешгирии ин беморӣ ва ҳифзи саломатии мардум андешида мешаванд. Касе аз камбудии хӯрока ва маводи дигари барои зиндагӣ зарур танқисӣ намекашад. Масъулон одамонро огоҳ менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, тадбирҳои заруриро барои таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва гигиенӣ амалӣ месозанд. Аз ҳама асосаш, тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар пешорӯи ин офат якдилу якмаром гашта, итминон доранд, ки боз як имтиҳони мушкили зиндагиро китф ба китф паси сар хоҳанд кард. Аз ҷумла, мардуми деҳаи мо сад шукр, ки сиҳату саломатанд, дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳиданд ва дар ин айёми кишту кори баҳорӣ, ҳама барои таъмини рӯзгори худ ва ғанӣ гардонидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи мардум софдилона меҳнат мекунанд.
Аммо ҷойи шарму таассуфи мост, ки ту Муҳиддин Кабирӣ, ҳеҷ аз иқдомҳои зиддимардумии ва зидимиллии худ даст намекашӣ. Вақте ба воситаи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вазъияти Тоҷикистон ҳар гуна хабарҳои дурӯғ, туҳматнома ва буҳтонҳоро паҳн мекунӣ, ростӣ зери хиҷолат мемонем, ки дар деҳаи мо зода шудаӣ. На ба ободкорӣ, балки бо харобсозӣ Қасамдараро ангуштнамои мардуми ҷумҳурӣ кардаӣ.
Имрӯз аз пулҳои барои хиёнаткорӣ бар зидди Ватан ёфтаат зиндагии аҳлу айёлатро пеш мебарию аз Тоҷикистон мегӯӣ, ки барои мубориза бо коронавирус омода нест. Магар ту набудӣ, ки ғайриқонунӣ, бо маблағи ночизе бинои беморхонаи сироятиро дар ноҳияи Рӯдакӣ моли худ карда, бо қимати садҳо маротиба зиёд фурӯхтӣ? Ин бино агар имрӯз мебуд, садҳо, ҳазорҳо дардмандон он ҷо наҷоти худро пайдо мекарданд.
Ҳамаи Тоҷикистон медонад, ки аз фурӯши бозори Турсунзода чанд миллион сомонӣ даромад кардӣ. Туе ки имрӯз бо ҳавои даҳан аз худ ҳомии миллат тарошиданӣ мешавӣ, чӣ хизмате барои ин мардум кардаӣ? Ақаллан барои сокинони деҳа, ақаллан, маҳале, ки хуни нофат он ҷо рехтааст, кадом кори савоберо, кадом ободиеро кардӣ? Магар ҷӯйборе сохтӣ? Синфхонаеро таъмир кардӣ? Нуқтаи тиббие бунёд кардӣ? Сангеро болои санге гузоштӣ? Ҳаргиз не!
Ту агар дар хунат заррае мардигарӣ медоштӣ, агар аз хавфи коронавирус нисбати ҳамдиёрон агар заррае дилат месӯхт, барои хешу табор, аҳли диёрат чанд ниқоби тиббӣ, миқдоре доруворӣ харидорию ирсол мекардӣ!
Мард онҳое мебошанд, ки дар мушкилӣ дасти миллату Ватани худро мегиранд. Мисли соҳибкори узбектабори Россия, ки барои пешгирии паҳншавии вирус дар Ватани аҷдодиаш - Узбекистон 20 миллион доллари ИМА ёрӣ дод. Аз ту магар метавон сад доллареро интизор шуд? Ҳаргиз не! Мо фаромӯш накардаем, ки ту барои харҷ накардани 200 доллари ИМА, аз Маскав ба ҷанозаи модарат наомадӣ! Магар метавон аз чунин шахс ҳимматеро мунтазир шуд?
Гуноҳу ҷинояткориҳои пештараат ҳамчун саркардаи наҳзати террористӣ бас набуд, ки боз иғвогарию расвоиатро давом медиҳӣ? Гумон мекунӣ мардум фаромӯш кардааст, ки соли 2015 ба Ҳоҷӣ Ҳалим як миллиону ду сад ҳазор доллари ИМА дода, ҷониби мудҳиштарин ҷинояту хиёнат бар зидди Ватану миллат, табаддулоти ҳарбӣ ва талоши ғасби ҳокимият равонааш кардӣ. Хуни чандин бегуноҳро рехтӣ. Хайрият, ки ба мақсади шумат нарасидӣ. Зеро бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Ба ҳамин пул дар зодгоҳат ободии зиёде кардан мумкин буд ва он гоҳ фахри деҳаву ҳар як ҳамдиёр мегаштӣ.
Аммо ягон ободкорие накардӣ. Имрӯз ҳам як тин ба касе намедиҳӣ. Ҳатто ба онҳое, ки дар паҳлуят қарор доранд. Ин бечораҳои фиребхӯрда ҳам намедонанд, ки пеши ту абзоре барои фиреби назари хоҷагони хориҷӣ ва рӯёндани пули онҳо барои худу аҳли оилаат ҳастӣ! Рӯзе онҳоро ҳам мефурӯшӣ! Мисли он ҳамдастони собиқат, ки имрӯз дар маҳбас қарор доранд ва азоби ҷинояту хиёнатҳои туро мекашанд!
Ҳама медонанд, ки саховатпешагию ҷавонмардӣ ва раҳму шафқат дар вуҷудат набуду нест. Фақат дар ғами ҷони худу фоидаи худат ҳастӣ. Пас, беҳтар нест, ки хомӯш бошӣ? Бе ин ҳам зарарат ба тамоми диёр, шурӯъ аз деҳа то ҷумҳурӣ расид. Ақаллан, шарм кун! Беҳаёӣ ҳам сарҳад дорад!
Дониста бош, ки минбаъд мардуми деҳа дигар тоқати амалҳои касифонаи туро надорад. Иғвогариҳо, дурӯғпароканиҳо, туҳматҳоят дигар беҷавоб намемонанд. Сокинони деҳа фош кардани макру ҳиллаҳо ва кирдори зиддимардумиатро барои худ қарзи виҷдонӣ ва имонӣ меҳисобанд. Ту на ҳомии дин ҳастию на ғамхори мардум. Барои ту фақат манфиати пулию молиат зарур асту халос. Дар ҳамин рӯзҳои мушкил ҳам тамоми амалҳоят ба хотири манфиати худат анҷом дода мешаванд.
Аз ин рӯ, мо сокинони деҳа, қотеъона, аз ту бас кардани ин ҳама дуруғгӯию русиёҳӣ, риёкорию иғвогариҳои ҷинояткоронаатро, ки бар зидди миллати тоҷик анҷом медиҳӣ, талаб мекунем!

Сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод:

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1906
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4809
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40144
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9851874

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?