Дар толори бахши фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Балхӣ маҳфили адабӣ-бадеӣ бо номи “Орифи асрори ишқ” бо иштироки омӯзгорон ва мактабиён баргузор гардид. Дар ибтидо номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Румӣ манзури ҳамагон карда шуд.
Зикр карда шуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар ташаккули фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад.