Имрӯз ҳангоме, ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд. Аммо мутаассифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро аъзои мамнӯъгаштаи Ҳизби наҳзати исломи нодида мегиранд.
Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳу васила дар фаъолияти худ кӯшиш доранд мардумро ба масири ғафлат ва гумроҳӣ андозанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Дар давоми солҳои истиқлолияти кишвар гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дину озодиҳои шаҳрвандӣ нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд.






Имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.















