Матни равон

Тероризм ва ирфотгароӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои асосии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амал ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷироти меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардидан ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст.

Террористон ва ифротгароён манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Солҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва иғвоангезанда на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд шуда истодааст. Таҳдиди рӯзафзуни экстрезими байналмилалӣ ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ирфотгаро ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Тероризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст.

ТТЭ ҲНИ бо такя ба дастури хоҷагони хориҷиаш бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият ба набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститутсиониро дар соли 1992 ғасб намуд. Дар як фурсати кӯтоҳ, дар натиҷаи ин амали нангини ТТЭ ҲНИ, ҳокимият дар саросари Тоҷикистон фалаҷ гардид, миллат пароканда шуд. Боиси тассуф аст, ки баъзе аз ҷавонони  гумроҳи мо бо ташвиқу тарғиб ва кумаки хориҷиён, шахсони мансабхоҳ ва душманони Тоҷикистон барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва пайвандонашон доғ меоранд, худро ва наздиконашонро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд. Халқи тоҷик имрӯз шукронаи сулҳу суботи кишвар ва амну оромии Ватанро дорад ва дигар ҳеҷ гоҳ фирефта дасисабозон нахоҳад шуд.

Дар ин замина, бояд ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротгароёна намешаванд, терроризм ва ифротгароиро сахт маҳкум менамоянд.

Умеда Комилова,

cармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:356
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2171
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:84141
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7726061

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?