Матни равон

Кӯдакону наврасони даврони соҳибистиқлолият!

Рӯзи 1-уми июн қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Ба ин муносибат ин рӯзи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.

Тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишварамон садҳо боғчаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии миёна ва умумӣ, омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо, даҳҳо мактабҳои олӣ ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон машғуланд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша доир ба таваҷҷуҳи доимӣ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

 

Дар ин замина, дар шаҳр ва шаш ҷамоати шаҳракҳои Гулистон барои кӯдакону наврасон 10 муассисаи таълимии томактабӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби санъат ва баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 52 майдончаи варзишӣ, 34 майдончаи бозии кӯдакона сохта ба истифода дода шуданд. Дар ҳудуди шаҳрамон барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи гурӯҳҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳо, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дастгирии оилаҳои камбизоат, кумаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор давра ба давра такмил меёбад.

Тифливу домони модар беҳтарин саодати рӯзгор аст ва бошад, ки шумо фарзандони азиз аз ҳама назокату фароғати тифлӣ баҳравар гардида, бо лабханду одоби ҳамида,ба рӯзгори мо файзу шукӯҳи дигарро ворид намоед.

Бо таманнову орзуи нек шуморо - фарзандону дӯстони хурдсол сидқан табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед, ҳамчун шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб ва арзандаи миллат ба воя расед.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:456
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17479
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71032
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7712952

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?