Матни равон

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ояндасоз аст. Зеро дар имсол Тоҷикистон ду воқеаи муҳими сиёсиро аз сар бояд гузаронад, ки аввалини он рӯзи якуми моҳи март баргузор гардид. Ин ду воқеаи сиёсӣ яке интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дигарӣ маъракаи сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ду имтиҳони бузург барои халқ аҳамияти зиёд дорад. Хушбахтона, маъракаи аввал бидуни каму кост сурат гирифт ва вакилони арзанда аз ҷониби халқ ба вакилӣ пазируфта шуданд. Мутаассифона, дар баробари ин ду имтиҳон имтиҳони дигаре сари мардуми тоҷик омад, ки он бемории ҳамагири коронавирус мебошад. Ҳукумати кишвар доир ба ин масъалаҳо чораҳои заруриро андешид ва имрӯзҳо ин беморӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст ва умед меравад, ки даҳаи дуюми моҳи июн ба тадриҷ коҳиш ёбад ва гиребони моро раҳо кунад.

Мо хуб медонем, ки миллати тоҷик бо душвориҳои зиёд Истиқлолияти худро ба даст овард ва онро то имрӯз ҳифз намуда истодааст, бо вуҷуди он ки баъзе аз ҳасудон дар солҳои аввали ба даст овардани ин неъмат хостори поймолгардонии он гардиданд. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойдор гардид ва он марҳала ба марҳала рушд карда истодааст.

Аммо дар ҳоли ҳозир, ки кишвар дар ҷараёни гирифтории бемории коронавирус қарор дорад роҳбари паймони зиддимиллии тоҷикон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи дуюми июн дар сомонаҳои иҷтимои фейсбук ва ютуб ба суҳбати мустақим баромада масъалаеро ба миён гузоштааст, ки “Оё миллат барои тағйири ҳокимият омодааст” ҳоло ба ӯ гуфтаниам, ки пас аз расман хоини миллат эълон гардидан бо кадом ҳуқуқ метавонад ба масъалаҳои ҳокимият сухан ронад. Дигар ин ки дар суханронияш танҳо нуктаҳои зуд ба дом гирифторшавандаро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст дар мисоли муҳоҷирон. Муҳоҷирон аз пайи дарёфти ризқу рӯзии худ ҳастанд, на мисли Кабирӣ ба иғвоангезӣ ва онҳое ки аз номи муҳоҷирин савол ё дар зери навор шарҳ мегузоранд на муҳоҷирони воқеӣ балки “муҳоҷирон”-и ҳамкосаи худаш ҳастанд. Нақшаву дархосту саволҳои онҳо аз ҷониби Кабирӣ тарҳрезӣ мегардад. Боз васфаш мекунанд, ки “философай бе варақ гап мезанад”. Он саволҳоро худ омода карда ҷавобҳояшонро аз ёд кардааст. Ӯ ҳам аҳмақ набудагист, ки беомодагӣ ба суҳбат барояд ва саволҳо ҳам ҳама аз номи тарафдорони худаш ҳастанд, шояд аслан ҳамааш дастхати Кабирӣ бошад. Аз рӯи суханронияш маълум мегардад, ки ӯ як фиребгар, ҳиллагар, маккор аст, ки забони шайтонро медонад ва бо ин роҳ мехоҳад мардумро аз ҳаёти осоиштаашон дур кунад ва бори дигар рӯзҳои ҷанги таҳмилии бародаркуширо сари мардуми тоҷик орад.

Мардуми бо нангу номуси тоҷик хуб медонанд, ки миллати тоҷик барои то ба ин рӯзҳо расидан чӣ заҳматҳое кашидааст ва барои расидан ба қадрри онҳо, ба қадри арзишҳои миллӣ, ормонҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва намегузоранд, ки нохалафе бо суханҳои бофтаю сохта, бӯҳтону иғвоангезанда ба оромии ҳаёти осоиштаи кишвар халале ворид созад. Дар ин марҳили муҳими сиёсӣ мо бояд зирак ва барои ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошем. Дар охир ба Кабирӣ гуфтаниям, ки: “Иғвоангез иғво наангез”!

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои
назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1393
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2680
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4073
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24959
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:21070
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102037
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3105666

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?