ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 22 марти соли 2021 №83
ш. Душанбе
Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории
сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.
2. Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад;
Мақолаҳои боқимонда...
- Раддия
- Дар Гулистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – «Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об» иштирок намуданд






Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори ҷашни соли нави аҷдодӣ ҷамъомади ботантана бо иштироки намояндагони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ва собиқадорони соҳаҳо баргузор гардид.
ш. Душанбе, 19 марти соли 2021
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Дар толори Мактаби санъати шаҳри Гулистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.














