Матни равон

Имрӯз, 23-юми октябри соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки СирдарёИ шаҳри Гулистон ҷавонмардони  асил Умедҷон Назирматов ва Ҷамшед Қаҳҳоров, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.

Муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, Ҷамшед Алиев корманди комиссариати ҳарбии шаҳр ва раиси ҷамоати шаҳраки Сирдарё Мушаррафа Охунова сарбозонро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурдагон ва волидони онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон дар ҳузури сарбозону ҷавонони шаҳрак таъкид намуд, ки шаҳри Гулистон дар даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ санаи 16-уми октябр нақшаи даъвати тирамоҳиро сарбаландона иҷро намуд. Маҳз, зиёд гардидани сафи чунин ҷавонони ватандӯст буд, ки дар рӯзҳои аввали даъват бо хоҳиши худ муроҷиат намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд ва мо нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намудем. Аз ҷумла ҷавонони шаҳраки Сирдарё.

Изҳори итминон карда шуд, ки чунин анъана минбаъд низ идома ёфта, ҷавонони ҷасуру ғаюру ватандӯсти шаҳри Гулистон бо хоҳиши худ дар даъватҳои дигар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардид, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1394
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7086
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14838
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49795
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9029028

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?