Ҳар сол 23-юми май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба ин муносибат дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун доир мешаванд.
Санаи 22-юми май дар саҳни Кохи Истиқлол тантанаи ҷамъбасти як моҳи ҷавонӣ таҳти унвони «Ҷавонон – идомадиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» доир гардид, ки дар он Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирок дошт.
Раҳпаймоии ҷавонон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон бо дарки баланди худшиносиву ватандӯстӣ ҳамчун фарзандони шоистаи миллат собитгари кору пайкори насли имрӯз буд.






Бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 20 майи соли равон дар толори варзишии «Истиқлол» бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳо озмуни шаҳрии «Падар, модар ва ман аз оилаи варзишгар»-ро гузаронид.
Панҷшанбеи гузашта Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – идомадиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» дар қаламрави шаҳр гузаронида шуд.














