Матни равон

Чоруми март дар Кохи Истиқлол бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷашни Рӯзи Модарро, ки ба оғози баҳори нозанин рост омадааст, ба кулли сокинони шаҳр, бахусус ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: имрӯз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар хотиррасон менамоям:

«Имрӯз - дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – Иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад».

Зимнан зикр гардид, ки модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз вай мебошад.

Боиси хушнудист, ки бонувони шаҳр баробари мардон оини ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳоти мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ дар шукуфоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳрамон саҳми шоён доранд.

Сипас аз ҷониби Раиси шаҳр ба фаъолзанони соҳоти гуногуни хоҷагии халқ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Таронаҳои дилангези Исмат Ҷабборов, Юрий Саидов, Соҳиба Каримова, Низом Азимов, Гулизори Роҳат, Шуҳрати Расул, Шоҳраҷаб Эркаев, Фарҳод Дадобоев, Ҳусейн Набиев, Шохрух Шамсиев, рақсҳои дилпазири  гурӯҳи гулдухтарон ва саҳначаҳои ҷолиби  «Коно ва Доно» табъҳоро болида сохт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4159
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16339
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49938
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691858

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?