Хабари бунёди осоишгоҳ ва маркази таълимию истеҳсолӣ дар Қайроққум, дар нашрияи «Ҷумҳурият» №143, аз 15 июли соли 2015 дарҷ шуд.
«Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ босамар буд»- таҳти чунин унвон гузориши хабарнигор Абдувосит Самизода аз нишасти матбуотии Раиси шаҳри Қайрокқум Матлубахон Амонзода дар рӯзномаи «Садои мардум» № 94, аз 13 июли соли 2015 ба чоп расидааст.
Дар нашрияи «Ваҳдат» бошад таҳти №13, аз июлмоҳи соли равон навишта бо унвонии «Сарчашмаи бахти баланд» оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик» доир гаштааст рӯйи чопро дидааст, ки ба қалами Тоҳирҷон Искандарзода тааллуқ дорад.






Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр марбут ба сиёсати иҷтимоӣ сол то сол ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода барои таъмиру таҷдиди шуъбаи сироятӣ ва амрози занонаи сохтори госпиталӣ аз буҷаи маҳаллӣ 232 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Интишороти «Раҳим Ҷалил»-и шаҳри Хуҷанд маҷмуаи шеърҳои адиби адрасмонӣ Мақсудҷон Мирзоабдуллоевро бо забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Ёнар дарё» («Дарёи сӯзон») ба табъ расонд.















