Дар шашмоҳаи соли 2015 аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум, вакилони маҷлиси халқи вилоят ва шаҳр 260 нафар оилаҳои ятим, маюбон, бапарасторон ва барҷомондагон аёдат карда шудаанд.
Аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум 14 нафар оилаҳои ятим, маюб ва бепарасторон аёдати яквақта бо маблағи пулӣ ва хӯрока расонида шуд. Ба 244 оилаҳои ниёзманд аз тарафи вакилони Маҷлиси халқи вилоят, шаҳр ва ҷамоат низ батаври пулӣ ва маводҳои хӯрока расонида шуданд. Дар шашмоҳаи соли 2015 ҳамагӣ ба 260 оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.






Бо ибтикори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар маркази шаҳр хиёбони «Меҳри Модар» бунёд мегардад. Ҳудуди боғ 5 ҳазор метри мураббаъ буда дар он тибқи лоиҳа фаввораҳои ранга, шаршара, саҳна барои чорабинӣ ва нуқтаҳои фурӯши яхмосу нӯшобаҳои ташнашикан сохта мешаванд.
Норасоии йод дар намак боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар натиҷаи норасоии йод пайдоиши бемориҳои паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кӯдаки мурда, камақлӣ ва амсоли инҳо аз эҳтимол дур нест.















