Матни равон

28 августи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳраки Зарнисор ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукри истиқлолат, кишварам!» чорабинии васеъи идона доир гардид.

Нахуст раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявии «Тоҷикметалл» Абдулло Холиқов назди ҳозирин оид ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова низ баромад карда ба 6 нафар фаъолони шаҳрак шаҳодатномаи ҳизбӣ супорид. Директори генералии ҶДММ «Ширкати саноатӣ - кӯҳии  Тоҷикистону Хитой» Ян Чҷи Сай кулли ҷамъомадагонро шодбош гуфт. Хатнасӯри 6 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Убайдулло Анваров ва Акбарҷон Маллаев лавозимотҳои мактабиро ба хонандагони МТМУ-и №10 супориданд. Ба собиқадорони меҳнат ва машъалони истеҳсолот тӯҳфаҳои хотиравии ширкат дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳадаф: баланд бардоштани сатҳи донишИмрӯз, 26 август машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Қайроққум дар Кохи Истиқлол ба вуқӯъ пайваст. Мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан риштаи сухан ба Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дода шуд. Раиси шаҳр ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсили 2015-2016 таҳният гуфт ва дар иҷрои кори таълиму тарбияи насли наврас барори кор таманно кард.

Баробари таҳлили соҳа, дастуру вазифагузориҳо Раиси шаҳр таъкид дошт, ки минбаъд низ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати аслии хеш – омӯзиш ва парвариши насли ҷавони ояндасози миллат, кӯшишу талошҳои хастагинопазир устодону омӯзгорон ба харҷ диҳанд.  Сипас намояндаи Раёсати маорифи  вилоят Бахтиёр Сарҳадов баромад кард,. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муяссар Ҳайдаров оид ба як соли фаъолияти кормандони соҳа ҳисобот дод.

Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10 то 31 августи соли 2015 аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони  халқи шаҳр ва саховатмандон аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» гузаронида шуда истодааст.

Аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ба 147 нафар ва Бахтиёр Маҷидов ба  10 нафар  кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуданд.

Машқҳои муштаракДар асоси дастури Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва фармони Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо 4 рӯз машқҳои муштараки «ҲИФЗ -2015» бо иштироки намояндагони 18 шаҳру ноҳия дар қаламрави вилоят гузаронида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои фаъолнокӣ ва чусту чолокӣ дар иҷрои машқҳо беҳтаринҳо бо медал, Ифтихорномаю раҳматнома аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи ҶТ, генерал-лейтенант Шерали Мирзо сарфароз гардиданд.

«Меҳри модар»-армуғони идонаБо ҳадафи истиқболи сазовори ҷашнҳои 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-умин солгарди Сарқонуни мамлакат татбиқи сиёсати бунёдкорона, ки аз самтҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва ҳамовозӣ ба иқдоми Раиси вилояти Суғд доири «500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Қайроққум корҳои ободкориву созандагӣ вусъат меёбад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии шаҳри Қайроққум дар Соли рушди фарҳанг баҳри бунёд ва тармиму таҷдиди иншоотҳои фарҳангӣ – маърифатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Фаъолияти босамари муассисаҳои фарҳангию варзишӣ баҳри густариши мубодилаи афкори солим, рушди ҳунар, сайқали илму дониш, дӯстию рафоқат ва тарбияи ҷавонон заминаи боэътимод аст. Мактабҳои мусиқии бачагонаи шаҳракҳои Консой ва Адрасмон пурра аз таъмири асосӣ баромад. Болои боми Хонаи фарҳанги Адрасмон, ки солиёни зиёд таъмирталаб буд таъмир карда шуд. Ҳавзи шиноварӣ низ дар маркази шаҳр ҳоло мавриди таъмиру таҷдид қарор дорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1035
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3708
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11651
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15252
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9312568

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?