29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
29 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир дар хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан намуданд
- Аёдати фарзандони падар ва пайвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тӯҳфаҳо тақдим намуданд






26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва самараи дастранҷи сокинони ноҳия дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» шинос шуданд.
26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.














