16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
Дар деҳоти Боғпарвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.
Дар марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- МУСОҲИБАИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Файзи Алӣ»-ро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба истифода доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсусро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд.















