Матни равон

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастур ва раҳнамоиҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо азми роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр иқдоми бунёдкорӣ – ҳашари умумишаҳрӣ сурат гирифт.

Дар ин иқдоми наҷиб Баҳодур Шерализода вазири Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода низ иштирок доштанд. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ беш аз 28 адад дарахти сӯзанбарги қримӣ ва 200 адад дарахти элдорӣ шинонида шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Модар Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов ба бонувони собиқадори шаҳр Санавбар Нуриллоева собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, Дилбар Рустамова собиқадори соҳаи маориф, Малоҳат Пулотова собиқадори хизмати давлатӣ, Ризқия Каримова  ва Рима Беляева туҳфаҳои Раиси вилояти Cуғд ва Раиси шаҳрро тақдим намуданд.

Собиқадорон аз ин тадбир рӯҳи болида гирифта, ғамхориҳои Ҳукумати кишварро нисбати бонувон ва арҷгузории собиқадорон ёдоварӣ намуда, изҳор  доштанд, ки имрӯзҳо бонувони шаҳр баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ шаҳри азизамон, як гӯшаи Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Дар интиҳо собиқадорон барои ин тадбири наку изҳори сипосмандӣ намуданд.

 

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ибтидо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят,  директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода занону бонувони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.  Натиҷаи ин сиёсати оқилона аст, ки занони қавииродаву боҷасорат ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд. Дар баробари ин, мавқеи зан-модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.

4 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.

Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.

Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.

Ҳар як нафар аввалин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:857
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11480
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16152
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15249
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9066500

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?