12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо таври замонавӣ бунëд гардида, аз 5 ошëна бо таҳхона иборат мебошад. Дар шафати бинои асосии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд иншооти дигари ëрирасон бунëд карда шудааст.
Марказро дар асоси нақша-чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.
Дар таҳхонаи бино шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак ва ҳуҷраи ташхиси пойафзол ҷойгир карда шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» боздид ба амал оварданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд






Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи июн Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук таҷлил карда мешавад. Бо самимияти афзун кормандони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаи саноати сабуки шаҳрро бо иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.
12 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
12 июн сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Нимаи дуюми рӯзи 11 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифт, бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ, ба анҷом расид.














