Мегӯянд, ки рӯсиёҳон боз ҳам рӯсиёҳӣ мекунанд ва чун деги сиёҳ симояшон даҳшатафкан бувад. Ин таъбирро ман ба Муҳаммадиқболи Садриддин ташбеҳ медиҳам, ки ягон ҷои муболиға надорад. Бадхоҳон ягон амали нек надоранд, яъне кори нек вуҷуди онҳоро тарк намудааст.
Бо ақли солим эҳсос мекунем: дар таи чанд соли охирғяъне солҳои навадуми қарни гузашта чандин нафарони бадхоҳу бадгуҳар пайдо шуданд, ки хостанд сохти қонунии давлатдории моро вайрон кунанд ва худ манфиате гиранд, вале, хушбахтона тири ҳамаи онҳо хок хӯрд, шармандаву расво шуданд, ҳамчун террорист рӯяшонро ба мисли аккаи сиёҳ баднамо намуданд.