30 Октябр 2025
Имрӯз, 30.10.2025 тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дар Ҷамоати шаҳраки Консой бахшида ба 31-умин солагарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон ва ҷавонон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, намояндаи комиссариати ҳарбии шаҳр Алиев Ҷамшед ва раиси шаҳраки Консой Амир Муҳаббатов иштирок ва суханронӣ намуаданд.
Зикр карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.
Аҳамияту арзиши Конститутсияро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад.
Дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.
Сию як сол муқадам бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
Дар яке аз суханронии худ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки "Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид".
Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.
Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.





















