Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
— Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ;
— Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022;
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхонаро дар ноҳияи Кӯшониён ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир дар хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан намуданд






Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.













