Матни равон

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карда, бо фаъолон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони мамлакат мулоқот анҷом доданд.

Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст.

Варзишгоҳи мазкур дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ аз 7 минбари нишастгоҳ иборат мебошад.

Баландии минбари асосӣ ё худ ҷойи нишасти меҳмонони олиқадр қариб 12 метр буда, дар вақти бунёди варзишгоҳ таваҷҷуҳи асосии фармоишгар ва пудратчии иншоот — Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПМК-278” ба сифати корҳои сохтмонӣ равона гардидааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 8 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 16 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудаанд.

Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки минбаъд бо баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро, пеш аз ҳама, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва умуман водии Зарафшон муҳим арзёбӣ карда, дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маънидод намуданд.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳамин иншооти тозабунёд бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Айнӣ мулоқоти самимӣ доир карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1581
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12755
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41314
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7773704

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?