Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистони баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба ифтихори ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид
- ТОВАРИЩ ПОЯНДАШОЕВ! ВЫ – ГЕНЕРАЛ КГБ, ИЛИ ОЛОВЯННЫЙ СОЛДАТИК ИСЛАМСКОЙ ПАРТИИ?
- Оё “Freedom House (Хонаи Озодӣ)”, “Хабарнигорони бидуни марз”, “Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ)” созмонҳои байналмилалианд? Оё мавқеи онҳо ифодагари мавқеи ҷомеаи ҷаҳонист? Ё арзиши воқеиии пажӯҳиши онҳо чӣ қадар аст?






Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кохи варзишии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бо иштироки шаш дастаи яккачини бонувон аз ҷомеаҳои меҳнатии ҳудуди шаҳр мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол барои гирифтани Ҷоми Раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла иншооти варзишӣ ва бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.













