Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Бобозода Мирҷумъа Ҳомид, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва  Шарифзода Хуршед, муовини Сардори ШВКД дар шаҳри Гулистон ва ҳамчунин мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иштирок намуданд. Вохӯриро Илҳом Мадализода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ифтитоҳ намуда баён дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намудаанд, ки: “Амнияти фарҳангии мамлакат аз амнияти миллӣ ва давлатӣ мақоми камтар надорад”. Ҳар як давраи таърихӣ ба илму фарҳанги миллат таъсири хос дорад. Эҳё ва рушди фарҳангу суннатҳои миллӣ ба инкишофи илму техника, сиёсат, иқтисодиёт, болоравии сатҳи иҷтимоии миллат, ҷаҳонбинӣ ва афкори ҷомеа алоқаманд аст.

Аммо миллатҳое, ки фарҳанги қадима доранд, рушд ва эҳтироми онҳо дар назди ҷаҳониён аз донистан ва эҳтироми фарҳанги аҷдодӣ, омӯзиши таърихи миллат, суннатҳои писандидаи ниёгонашон вобастагии бузург дорад. Миллате, ки дар давлатдорӣ – сиёсат, иқтисодиёт, таълиму тарбия, маишат, оиладорӣ ва дигар самтҳои зиндагии ҳаррӯзаи худ фарҳанги миллии худро эҳтиром мекунад, дар назди миллатҳои мутамаддини олам дар ҳар давру замон соҳиби обрӯю эътибор мебошад. Хеле хуб донистани фарҳанги худ барои роҳ надодан ба худсарона воридшавии ҷузъҳои номатлуби фарҳанги миллатҳои дигар ба фарҳанги миллӣ, ки бегона ва қобили қабул нестанд, мадад мерасонад. Табиист, ки дар давраҳои тағйирот ё сиёсӣ ё иқтисодӣ, ҷойи холигиро дар шуури миллӣ бояд чизе пур кунад. Ин мавриди хеле ҳассос аст. Истилогарони фарҳангии миллатҳои дигар ҳамин гуна мавридҳоро пайгирӣ мекунанд, то ки ба осонӣ ҷузъҳои фарҳанги худро ба фарҳанги миллатҳои дигар ворид намоянд.

Сипас, Мирҷумъа Бобозода намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, Ойинисо Раҳимова, мудири бахши кор бо занон ва оила ва Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ суханронии пурмуҳтаво намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2596
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13770
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42329
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7774719

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?