25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии хусусӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Сохтмони иншоот бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфта, дохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣ, ки мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон мебошад, зебу оро дода шудааст.






25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори ҷашни соли нави аҷдодӣ ҷамъомади ботантана бо иштироки намояндагони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ва собиқадорони соҳаҳо баргузор гардид.
ш. Душанбе, 19 марти соли 2021













