Матни равон

Имрӯз, 28-уми октябри соли 2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон доир гардид. Дар ҷаласаи 4 мавзуъ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори раёсати ҷаласаи Шуро муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, аъзои Шурои собиқадорони вилоят Шарифҷон Азизов ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова иштирок намуданд.

Доир ба мавзуи аввали рӯзнома раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова доир ба фаъолияти Шуро дар давоми соли ҷорӣ доир ба амалисозии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” гузориш манзур намуд. Зикр карда шуд, ки 24 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.

Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон, ки 12 ташкилоти ибтидоиро муттаҳид мекунад дар ин давра дар самти таъмини иҷрои қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида як қатор чорабиниҳоро ба роҳ мондааст.

Сипас, Музаффар Бобоҷонов раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони хизмати ҳарбӣ, Анвар Отаев раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Сирдарё, Зулхумор Холиқова раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Консой ва Шарофат Гулмуротова раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Чоруқдаррон ба музокира баромаданд.

Доир ба баррасии масъалаи мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов андешаронӣ намуданд.

Масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷом аъзои Шурои собиқадорони вилоят, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд Шарифҷон Азизов доир ба фаъолитяи Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳари Гулистон дар самти таъми иҷрои муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ибрози назар намуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2230
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4660
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16926
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64295
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9043528

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?