30 Октябр 2025
Имрӯз, 30-юми октябри соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Файзиев Сироҷ, Давлатзода Олим, Азизов Саъдӣ, Ашуров Муҳаммадшариф, Маллабоев Меҳроҷ, Наврузов Фаррух ва Собиров Муҳаммадфирӯз, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.
Муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, Ҷамшед Алиев корманди комиссариати ҳарбии шаҳр ва раиси ҷамоати шаҳраки Консой Амир Муҳаббатов сарбозонро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурдагон ва волидайнашон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, ки бо дасгирии вакили ҷавони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Маҷидов Баҳодур омода гардида буд тақдим намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон дар ҳузури сарбозону ҷавонони шаҳрак таъкид намуд, ки шаҳри Гулистон дар даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ санаи 16-уми октябр нақшаи даъвати тирамоҳиро сарбаландона иҷро намуд. Маҳз, зиёд гардидани сафи чунин ҷавонони ватандӯст буд, ки дар рӯзҳои аввали даъват бо хоҳиши худ муроҷиат намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд ва мо нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намудем. Аз ҷумла ҷавонони шаҳраки Консой.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин анъана минбаъд низ идома ёфта, ҷавонони ҷасуру ғаюру ватандӯсти шаҳри Гулистон бо хоҳиши худ дар даъватҳои дигар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардид, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро менамоянд.






















