Матни равон

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 30 вакил иштирок дорад ва 5 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд. Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд  Шарифулло Абдуллозода низ ширкат дошт.

Вакилони иҷлосия баъди интихоб ва тасдиқи котибот ба баррасии рӯзномаи он шурӯъ карданд. Ҳамин тавр вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №53 “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагиҳои манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” дар шаҳри Гулистон, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии комуналӣ ва хизматрасонии аҳолӣ, ҳисоботи вакили вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ” №2 Далер Ҳоҷиев оид ба ваколатҳои вакилӣ, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилон аз ҳавзаҳоии интихоботии “Ҷавонӣ” №7, “Сомонӣ” №9, “Наврӯз” №22 ва “Маърифат” №27, дар бораи таъин намудани итихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи вакилони халқи шаҳр, дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, дар бораи ворид намудани илова ба дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Доир ба масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №53 “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагиҳои манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” дар шаҳри Гулистон муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Дар музокироти масъалаи мазкур Ҳомид Турсунов, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Адрасмон” №13 ба музокирот баромад. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии комуналӣ ва хизматрасонии аҳолӣ раиси комисиияи доимӣ Анварҷон Муродов суханронӣ кард. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ” №2 Далер Ҳоҷиев оид ба ваколатҳои вакилӣ ба иҷлосия ҳисобот пешниҳод намуд.

Сипас, масъалаҳои дигари рӯзнома мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, ба масъулини соҳаҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо дастуру супоришҳо дода, доир ба масъалаи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавируси нави Covid – 19 масъулинро муваззаф намуда, таъкид дошт, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон баҳри фаъолияти самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру вазифагузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаҷиҳата кӯшишу талош менамоянд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум ба фарҷом расид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2503
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9706
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:20511
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7752901

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?