Матни равон

Имрӯз, 20 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ба шаҳраки Консой ташриф овард.

Қабл аз иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо директори генералии ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияти маҳдуди "Апрелевка" Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси Ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида, оилаҳои ниёзманд ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро аёдат намуданд.

Субҳи имрӯз, 20 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо бонувони фаъолу пешқадами шаҳрдар доираи тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ва рӯзи зиёиёни эҷодкор ба шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ташриф овард.

Дар шаҳрак роҳбари шаҳр собиқадори соҳаи маориф Лидия Кулагинаро, ки дар бистари беморист ба аёдат фаро гирифта номбурдаро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва рӯзи зиёиёни эҷодкор таҳният гуфт. Зикр гардид, ки собиқадорону зиёиён ҳамчун хазинаи тиллоии миллат ҳамаша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Имрӯз, 19 март бо такя ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба манзили зисти як қатор оилаҳои ниёзманд, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, пирони рӯзгордида ва сокинони шаҳр ташриф оварда, онҳоро бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфт.

Ба оилаҳои зикргардида роҳбари шаҳр кӯмакҳои моддӣ дастрас намуда, изҳор дошт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ набояд худро яккаву танҳо эҳсос намояд. Зеро давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону нигаҳбони оилаҳои ниёзманд ва барҷомондагону ятимону бепарасторон мебошад.

Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумиро паси сар мекунад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст.

Ин ҷашни пурифтихори аҷдоди ки имрӯз дар саросари дунё бо номи шевои тоҷики ба забон оварда шуда, ҳамчун дастоварди тамаддунии башар рангоранг ва бо шаҳомати арзанда таҷлил мегардад, маҳз бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардид. Ин аст, ки имрӯзҳо дар сартосари Тоҷикистони азиз низ бо шукуҳу шаҳомати хоса мардуми диёр онро пешвоз гирифта истодаанд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ,

Ҳамдиёрони азиз,

Соли нави миллӣ ба сарзамини соҳибистиқлоли мо бо Наврӯзи оламафрӯзи байналмилал қадами мубораку ҳаётофарини худро мегузорад. Наврӯз барои миллати мо чун иди пуршукуҳи баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ истиқбол менамуданд. Наврӯз иди бузургтарини миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад.

Тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баракати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1578
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13173
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48508
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9860238

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?