Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №254 “Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 14.03.2022, №72 “Дар бораи таъсиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-023” санаи 29.03.2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни Квотаи Президентӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мирзозода Нуммуҳаммад озмунро ҳусни оғоз бахшид. Дар озмун аъзои Комиссия ва ҳайати ҳакамон иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки ба шаҳри Гулистон тибқи "Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023", ки бо супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №19182 (26.5) тасдиқ гардидааст дар маҷмуъ 19 адад квота муқаррар гардидааст, ки аз ин теъдод 10 адад барои духтарон аз рӯи ихтисосҳои математика, физика-информатика, биология, химия, забон ва адабиёаи рус, забони хориҷӣ, технология (омӯзгор-муҳандис), таҳсилоти ибтидоии томактабӣ, психология (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва кори табобатӣ (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ва 9 адад барои писарон аз рӯйи ихтисосҳои забони хориҷӣ (англисӣ), технология (омӯзгор-муҳандис), физика математика, информатика (МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров"), кори табобатӣ (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибини Сино), математика (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), химияи татбиқӣ (фаъолияти илмию таҳсилотӣ) (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), забон ва адабиёти рус (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев) ва тарбияи ҷисмонӣ (Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов) муқаррар гардидааст.






30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз, 28 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода доир гардид.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солномаи фаъолияти Сарвари давлатро дар соли 2021 — соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намуд.
Имрӯз, 26 март дар маркази шаҳри Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар ярмарка ба сокинон маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан аз бозор дастрас пешниҳод карда шуд.















