Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд идома дорад.
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Намояндагони фарҳанг ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ ба Президенти маҳбуби хеш садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилоятро эҳдо намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи «Спитамен»-ро ба истифода доданд






Ҳамватанони азиз!
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда намуда истодаанд.
Кормандони Хоҷагии манзилию комуналии Ҷамоати шаҳраки Чорукдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу хуррамгардонидани шаҳрак ва тозаву озода намудани онро аз шафати роҳи Абрешим – гардиши шаҳрак шурӯъ намуда, корҳои ободонӣ, рангу бор ва сафедкунии ду шафати роҳи асосии шаҳрак ва насби шиору овезаҳоро бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳи асосӣ иваз намуда барои зебову тоза нигоҳ доштани шаҳрак фаъолият намуда истодаанд.
















