Ҳамасола 12 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон таҷлил карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки 61 сол қабл дар ин рӯз кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии “Восток” Заминро аз рӯи мадор давр зада, ба давраи кайҳоннавардии таърихи башар оғоз ниҳод.
Бо ин мақсад рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, сайқал додан ва инкишофи қобилияти эҷодкорӣ ва тасаввуроти бештар пайдо намудани онҳо ба олами кайҳон, роҳандозии омӯзиши илмҳои астрономӣ ва кайҳоншиносӣ, инчунин, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни “Кайҳон аз нигоҳи ман” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил ва баргузор гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- НАТИҶАИ НАЗАРРАС ДАР ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ “ТЕХНИКОНИ НАВРАС”
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфтанд






12 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Санаи 12 апрели соли 2022 вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев вохӯриро ҳусни оғоз бахшид.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар варзишгоҳҳои шаҳрӣ ва назди муасисавӣ машқҳои пагоҳарӯзии дастаҷамъона баргузор карда мешавад.
















