Имрўз, 24 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар минтақаи саноатии шаҳр ба фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” шинос шуд.
Ба роҳбари шаҳр иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд шуда, дар он асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхона то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамғаҳои гуногунқутр истеҳсол мегардад.






Имрӯз, 22 март бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар шафати шоҳроҳи шаҳр дарахтони нодири ороишиву сояафкан шинонида шуд.
21 март дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Темурмалик дар шаҳри Гулистон ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонафрӯз тантанаҳои идона доир гардид.
21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Имрӯз, 20 март дар варзишгоҳи марказии Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
















