Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.
Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 — 2040-ро “Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда, дар ин баробарбаргузории як қатор озмунҳоро ба роҳ мондааст.






Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
8 апрели соли 2022 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Конференсияи 27-уми ғайринавбатӣ баргузор гардид. Дар кори Конференсияи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно ва Исмоилзода Зуфар раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд. Ба баррасии Конференсия 3 масъала:
Имрӯз 7 апрели соли 2022, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҷлиси фаъолон муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов иштирок намуданд.
















