Матни равон

Рӯзҳои 14-17-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии  олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир,  олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, олимпиада аз  фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир,   олимпиада аз  фанни забони давлатӣ,  олимпиада аз  фанни забон ва адабиёти рус ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ  барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар он 778 нафар хонанда иштирок намуданд.

Дар олимпиадаи мазкур хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон Нигина Зоидбоева, Аниса Туйчиева, Даря Нусратова ва Ҷонибек Деҳқонов фаъолона иштирок намуданд.

Пас аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон Нигина Зоидбоева хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Гулистон аз олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир соҳиби мақоми сеюм гардида бо медали биринҷӣ ва Ифтихорномаву туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода,  муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибон медалҳо, “Ифтихорнома”-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиадаҳо саҳм доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муќаррар гардидааст, ки  ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва  олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба холҳои бадастовардаи онҳо  илова мегардад.

Шоистаи таъкид аст, ки Нигина Зоидбоева яке аз хонандагони фаъол ба шумор рафта, пайваста дар озмунҳову олимпидаҳо ширкат варзида соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегардад. Соли 2021 низ Нигина Зоидбоева дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир иштирок намуда, соҳиби мақоми сеюм гардида буд. Хонандаи мазкур дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ дастовардҳои зиёд дорад.

Масъулини соҳаи маорифи шаҳр саъй доранд, ки теъдоди чунин хонандагон ва натиҷаҳо дар ин самт бештар гардад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:10
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23352
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:76905
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7718825

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?