14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад.






14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд.
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
















