Матни равон

Имрӯз, 22 апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар доираи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба мавсими қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба осоишгоҳҳо аз КВД осоишгоҳи “Шифо” дидан намуда, бо вазъ ва имконоти  мавҷудаи он шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори қабули меҳмонону истироҳаткунандагон дар КВД осоишгоҳи «Шифо» дар як шабонарӯз 146 нафар мебошад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар осоишгоҳ 976 нафар бо табобати истироҳатӣ фаро гирифта шуда, ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ  1,5 миллион  сомониро ташкил дод. Бояд зикр кард, ки шумораи кормандони осоишгоҳ 62 нафарро ташкил дода, музди миёнаи маоши онҳо 1270 сомонӣ мебошад.

КВД осоишгоҳи “Шифо” дар таърихи фаъолияти пурсамари худ дар семинару конференсияҳо ва ҳамоишҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ фаъолона иштирок дошта, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, истифодаи усулҳои пешқадами табобату истироҳат ва тақвияти соҳа пешниҳоду таклифҳои нав намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил ва роҳандозӣ намудани табобату истироҳати муштариён саҳми босазои худро гузоштааст ва дар ин ҷода яке аз пешоҳангони соҳа маҳсуб меёбад.

Осоишгоҳи мазкур барои қабули мизоҷон дар чаҳор фасли сол шароиту имконияти хуб дошта, табибону ҳамшираҳои шафқат пайваста омодаи хизмат мебошанд.

Осоишгоҳ масоҳати зиёда аз 15 гектарро фаро гирифта, дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда дар қитъаҳои ҷудогона парвариш меёбанд ва ҳамаи меваю сабзавоти дар ҳудуди осоишгоҳ парваришшуда барои эҳтиёҷи мизоҷон истифода мешавад.

КВД осоишгоҳи “Шифо” бо дорои ҳамагуна лавозимотҳои муосири табобатӣ мебошад. Ин аст, ки ташрифи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба осоишгоҳ рӯ ба афзоиш ёфтааст.

Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ, ҷалби бештари сайёҳон бо роҳи муаррифӣ, зиёд намудани музди маоши кормандон, омодагии доимӣ барои қабули сайёҳон ва тақвияти корҳои ободонӣ дар ҳудуди осоишгоҳ дастурҳои мушаххас дод.

Лозим ба зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли равон 198 меҳмонони хориҷӣ, 6119 истироҳаткунандагони дохилӣ ва дар маҷмуъ 6317 нафар ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳри Гулистон ташриф оварда,  истироҳат намуданд.

Дар соҳаи туризм дар шаҳр зиёда аз 345 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1582,6 сомониро ташкил медиҳад. Тадриҷан сол то сол баробари афзоиши шумораи кормандони осоишгоҳҳо, ҳамчунин музди маоши онҳо низ зиёд мегардад.

Ҳиссаи осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар ғанӣ гаштани буҷети шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,6 дарсадро ташкил дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1271
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10265
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43864
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685784

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?