Матни равон

Имрӯз, 21 апрели соли 2022 бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон дар бораи ташкил ва гузаронидани “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ ва ягона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳр Умед Миров, собиқадори ҷанг ва меҳнат Туйчиқул Усмонов  суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои таъсиррасон моро ҳушдор месозанд, ки дар ҳама ҳолат барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаву офтаҳои табиӣ омода бошем.

Таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ, неруҳои ғайриҳарбӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора ва алоқа аз вазифаҳои муҳимтарини мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чорабинии мазкур барои омодагии ҳайати муаллимон, хонандагон ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати рафъи офатҳои мудҳиш, аз қабили заминларза ва сӯхтор нақши калон мебозад.

Сипас, дар синфҳои 2 дарсҳои кушод дар мавзуи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, озмуни расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулода, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода  ва дар байни хонандагони синфҳои 6 викторина доир ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд.

Баъдан бонги хатар эълон гардида, хонандагон дар вақти муайяншуда аз дохили бинои муассиса ба ҷойи бехавф ба саҳни муассиса ҳозир шуданд. Гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани хонандагон расонидани ёрии аввалияи тиббӣ хомўш намудани сӯхтор муҳофизат намудани гирду атрофии бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса бо пуррагӣ ба анҷом расониданд.

Ҳамчунин, дар байни хонандагон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷом ғолибон ва фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3979
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6572
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40171
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7682091

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?