Бо шурӯъ гардидани моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 04.03.2022, №352 марҳилаи нави даъвати шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граҷдании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи майи соли ҷорӣ идома меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.






Санаи 4 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Гулистон машварати корӣ доир гардид.
Имрӯз, 2 апрел аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон тариқи "Равзанаи ягона" доир гардид.
Санаи 31 марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ва раиси суди шаҳр Фарҳод Абдуллозода иштирок намуданд.
Ҳамватанони азиз!
















