Матни равон

Имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара идома ёфт.

Дар рӯзи чоруми сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои мутобиқгардонии техникии қисми иншооту коргоҳҳои корхона шинос шуданд.

Тибқи нақша дар заминаи коргоҳҳои механикии корхонаи мазкур ва таъмиру сохтмонӣ иншооти нави самти таъмирӣ-механикӣ таъсис дода, дар он таъмири техникаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Дар коргоҳи нав 15 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Корҳои иҷрошуда аз тадбирҳои муҳим дар самти истифодаи иқтидорҳои мавҷуда маҳсуб меёбад.

 

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара аз иқтидорҳои калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ буда, давоми беш аз 70 сол инҷониб ба истеҳсоли металҳои камёфт ва нодир махсус гардонида шудааст. Чунин корхона дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ камшумор, танҳо ду адад буд. Тайи солҳои тӯлонӣ иқтидорҳои корхона пурра истифода карда намешуданд.

Тибқи маълумот масоҳати корхона 23 гектар буда, айни ҳол 100 нафар коргарону мутахассисон фаъолият доранд. Дар корхонаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара аз соли 2021 оғоз карда, дар натиҷаи азнавсозии техникӣ, ҷорӣ намудани усулу технологияҳои пешрафта иқтидорҳои мавҷуда истифода карда, ҳаҷми истеҳсол афзун ва суръати афзоиш баланд бардошта мешавад.

Корхона дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 — 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба маротиб зиёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба роҳбарияти корхона, масъулони соҳа ва мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки баҳри истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ-техникӣ, барқарору зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, тадбирҳои навро амалӣ намоянд.

Барқарор намудани самти фаъолият бахри афзун намудани маҷмӯӣ маҳсулоти саноатӣ равона карда мешаванд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ҳамкориро бо ширкати “Евраз-Холдинг” ва ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи металлургии Олмалиқ”-и Ҷумҳурии Узбекистон барои харидорӣ ва коркарди маъдани дорои металл ва шлакҳои металлургӣ ба роҳ мондааст.

Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи металлургии Олмалиқ”-и Ҷумҳурии Узбекистон коркарди саноатӣ-тадқиқотии маъдани кӯҳии дорои сурб имкон медиҳад, ки дар корхона 5 намуди маҳсулоти нави металӣ истеҳсол карда шавад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба содирот нигаронида шуда, металлҳои истеҳсолшуда дар “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анзоб” барои бойгардонии консентрати сурма истифода мегарданд. Хокаи купороси мис ва купороси руҳ қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбанд.

Дар асоси шартномаи коркард бо ширкати “Евраз холдинг” аз шлаки металургӣ махсулоти панҷоксиди ванадий истеҳсол карда мешавад. Партови истеҳсолии панҷоксиди ванадий, ки дар таркиби худ металли оксиди оҳан дорад, дар корхонаҳои истеҳсоли семент пурра истифода мегарданд ва дар дохили кишвар ба ин маҳсулот талабот зиёд аст. Яъне, дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад. Нақшаҳои корхона барои рушди оянда таҳрезӣ гардидаанд.

Дар натиҷаи чунин тадбирҳои истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара афзун карда мешавад, ки ин манфиати калон ба иқтисоди миллӣ мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:654
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16468
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46433
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7688353

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?