Матни равон

Дар толори Мактаби санъати шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе конфронсия илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Душанбе, тахти бахти тоҷикону Тоҷикистонӣ” бо иштироки хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ баргузор карда шуд.

Дар конфренсия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахти ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид.

Дар таърихи 16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924—1953), номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омадааст.

Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон дар ҳама соҳаҳо бо комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар тули ин муддат шаҳри Душанбе зебою дилоро шуд. Имрӯз бо табиати зебои худ дили ҳазорон шаҳрвандони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бо ворид шудан ба шаҳр ҳар шахс метавонад, исботи ин гуфтаҳоро пайдо кунад. Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, рустаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд.

Эълон гардидани шаҳри Душанбе чун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар соли 2021 боиси сарфарозии кулли тоҷикон аст.

Солҳои охир таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро ба куллӣ дигаргун намуда, қомат рост кардани биноҳои хуштарҳи маъмурию истиқоматӣ, бунёди боғҳо ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ, чаманзору гулгаштҳо пойтахти тоҷикон - Душанберо имрӯз ба яке аз шаҳрҳои зеботарин табдил додааст.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои саҳми беандозаи шаҳри Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.

Рӯйдоди хотирмони дигар ин аст, ки  соли 2017  дар раддабандии (рейтингӣ) шаҳрҳои аз нигоҳи туризмӣ ояндадор шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб кард. Ҳамчунин, пойтахти Тоҷикистон сабзтарин пойтахт дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Сипас, дар қисмати адабии конфренсия санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини консертиро манзури ҳозирин намуда, бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2701
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23518
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:79596
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7721516

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?