Матни равон

Имрӯз, 25 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Маросими ба нафақа гусел намудани мудири бахши фарҳанги шаҳр Абдуллозода Фатҳулло Сайфулло баргузор карда шуд. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр  номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро манзури ҳозирин намуд. Зикр гардид, ки Фатҳулло Абдуллозода фаъолияти кории худро ҳанӯз соли 1980 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз намудааст. Ҳамчунин, солҳои 1981-1983 сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуда, пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти пурмаҳсули меҳнатии худро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома дода, зина ба зина дар вазифаҳои гуногун то соли 2001 дар ин даргоҳи муқаддас ифои вазифа намудааст.

Сипас, аз соли 2001 бо мурури вақт ва тақозои замон дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба кор оғоз намуда, то соли 2004 дар ин боргоҳ ҳунари худро сайқал додааст. Аз соли 2003 то 2007 фаъолияти кориашро дар Театр-студияи “Хандинкамон” идома дода, нақшҳои офаридааш мақбули хосу ом гардидааст.

Мавсуф аз соли 2011 фаъолияти худро ба ҳайси директори клубҳои системаи марказонидашудаи бахши фарҳанги шаҳри Гулистон (Қайроққум) оғоз намуда, минбаъд дар вазифаи коргардони бахши фарҳанги шаҳр ва бо назардошти истеъдоди фитрӣ ва дониши қавию қобилияти ташкилотчигӣ аз моҳи июли соли 2015 ба вазифаи мудири бахши фарҳанги шаҳр таъин гардида, то ба имрӯз пурсамар фаъолият намудааст.

Фатҳулло Абдуллозода ҳамчун актёр фаъолияти пурсамар дошта, дар филмҳои гуногуни киностудияи “Тоҷикфилм” даҳҳо нақшҳоро бо сабку услуби хоса иҷро карда, маҳбуби мардуми кишвар гардидааст.

Фаъолияти ҳаҷвнигории ӯ дар гурӯҳи ҳаҷвии “Коно ва Доно”, ки байни мардум аз маҳбубияти хосае бархурдор аст, шистаи таҳсин мебошад.

Мавсуф дар фаъолияти меҳнатии беш аз 42-сола худро ҳамчун шахси хоксору ҳалим, ростқавлу собитқадам, кордону меҳнатдӯст ва созандаву бунёдкор муаррифӣ намуда, соҳиби эҳтироми хоса гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти пурмаҳсули ӯ барои ҳамагон намунаи ибрат ва қобили таҳсин аст.

Бо орзу ва таманноҳои нек мавсуфро ба муносибати расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ ва баромадан ба нафақа шодбош намуда, офиятмандӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Кормандони бахши фарҳанги шаҳр ба Фатҳулло Абдуллозода барои саҳми шоиста дар рушди соҳа ва тарбияи мутахассисони ҷавон миннатдории самимӣ баён намуданд.

Сипас, Фатҳулло Абдуллозода ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кулли ҳамкорон ва дӯстон ҷиҳати ҳамкории мунтазам дар давоми солҳои тӯлонӣ изҳори сипос намуд.

Дар фарҷом ҳаҷвнигори шинохта бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1404
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24746
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:78299
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7720219

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?