Матни равон

19.03.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад.

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари Комиссари Олӣ оид ба паноҳандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ намуданд.

Имрӯз, 17 марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии «Кохи Олимп»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Толори варзишии «Кохи Олимп» дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ин кохи муҳташами варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафед-дара» бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат»-ро ифтитоҳ карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯйи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия — соҳибкори ватандӯст Исматулло Исоев бунёд гардид.

Дар бинои иловагии таълимӣ ҳамагӣ 18 синфхонаи таълимӣ ҷойгир шудааст. Бино бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1511
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13106
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48441
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9860171

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?