Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он пайваста аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ ва баровардани партовҳо гузаронида мешавад.
Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ҳамарӯза партовгоҳҳои ҳудуди шаҳрро аз партовҳо тоза менамоянд.
Бо ин мақсад санаи 22.02.2022 масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, дар шафати роҳи боло, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозакуниро ба роҳ монданд. Дар раванди корҳои тозакунӣ гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, дохили ҷӯйҳо аз хасу хошок ва дигар партовҳо тозаву озода гардонида шуда, барои батартиб даровардани шафати роҳ шохбурии дарахтон гузаронида шуд. Ҳамчунин корҳои рангуборнамоии намои берунии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ роҳандозӣ гардид.






Дар толори мактаби санъати маркази шаҳри Гулистон санаи 22.02.2022 тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм ва иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи парандапарварӣ авҷи тоза гирифта, махсусан гушти мурғи парҳезӣ ва тухм, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда талаботи бозори истеъмолии кишварро ба дасти худ гирифтаистодааст. Ин раванд дар шаҳри Гулистон низ мавқеъ ва ҷойгоҳи хосаи худро пайдо намуда, дар миёни корхонаҳои калони саноатию истеҳсолӣ корхона ва коргоҳҳои парандапарварӣ низ зиёд гардида истодаанд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН















